Дубай таксиҳои ҳавоиро сертификатсия мекунад, ки онҳоро мехоҳанд дар соли 2026 ба истифода баранд

    Таксиҳои ҳавоӣ дар Дубай то семоҳаи аввали соли 2026 ба истифода дода мешаванд.

    Ба гузориши хабаргузории Report, бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ, дар ин бора диретори департаменти технологияҳои нақлиётии Идораи нақлиёт ва роҳҳои Дубай хабар додааст.

    "Мо ҳоло дар бораи озмоиш ва сертификатсияи воситаи нақлиёт бо шарикони амрикоии худ - ширкати Joby Aviation кор карда истодаем, Инчунин бо ширкати Skyports, ширкати бритониёӣ, ки вертипортҳоро таҳия мекунад, марҳилаи тарҳрезии истгоҳҳои "вертипортҳоро оғоз мекунем" гуфт ӯ.

    Дар Дубай ҳамагӣ бунёд намудани чор фурудгоҳи амудии таксӣ дар назар аст. Дутои онҳо то аввали соли 2026 ба кор андохта мешаванд.

    Дар мавриди таксӣ-мошинҳои бидуни ронандае, ки дар якҷоягӣ бо General Motors таҳия мешаванд, онҳо аз соли 2025 дар Дубай ба кор шурӯъ мекунанд. Айни замон таксиҳо мавриди санҷиш қарор доранд.

    "Мо нақша дорем, ки то соли 2026 бо истифода аз муҳаррикҳои гибридӣ ва электрикӣ хидматрасонии лимузинро комилан аз ҷиҳати экологӣ тоза кунем. То соли 2035 ҳамаи таксиҳо дар Дубай, тибқи нақша, барқӣ гардонда мешаванд. То соли 2050, тамоми парки автобусҳо танҳо аз электробусҳо иборат хоҳанд буд", - кайд намуд ӯ.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates