Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ баргузор мешавад

    Бехатарӣ 28 Iyul 2021 674

    Имрӯз, 28 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад.

    Дар кори он вазирони мудофиаи Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Федератсияи Русия, Узбекистон ва Беларус, инчунин Дабири кулли СҲШ ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ ширкат меварзанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа, вазирони мудофиа масоили марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, таъмини амният ва субот дар Афғонистон ва марзҳои он бо кишварҳои узви СҲШ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ мекунанд.

    Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи СҲШ, ки имсол таҳти унвони «Миссияи сулҳҷӯёна- 2021» дар яке аз кишварҳои узви СҲШ баргузор мегарданд, муҳокима мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates