Сохтмони фурудгоҳ дар эксклави Сӯх анҷом ёфт

    Шаҳришавӣ 18 Oktabr 2021 937

    Сохтмони фурудгоҳи нав дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, ки бо вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст, ба анҷом расид.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти маъмурияти вилояти Фарғона, дар рӯзҳои наздик дар фурудгоҳ, ки масоҳати умумии он 7 гектар ва дарозии хати парвозу фурудоӣ 700 метрро ташкил медиҳад, парвозҳои озмоишӣ оғоз мешаванд.

    Фурудгоҳ мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон "Дар бораи чораҳо оид ба рушди маҷмӯгии иҷтимоию иқтисодии ҳудуд дар солҳои 2020-2021" аз августи соли 2020 сухта шудааст, хабар медиҳад "CentralAsia". Тибқи изҳороти расмӣ, барои сохтмони фурудгоҳ дар ҳудуди маҳаллаи "Новобод" қариб 7 миллиард сӯм сарф шудааст. Дар ҳудуди фурудгоҳ майдони парвозу фурудоӣ, утоқи интизорӣ, нуқтаи хӯрокворӣ, нуқтаи савдо ва минтақаи истироҳат мавҷуд аст.

    Ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон бо масоҳати 350 километри мураббаъ пурра бо қаламрави вилояти Ботканди Қирғизистон иҳота шудааст. Барои расидан ба Сӯх аз Ӯзбекистон, бояд тақрибан 20 километрро тавассути қаламрави Қирғизистон тай кард.

    Роҳи "Сӯх - Риштон" соли 2013 баста шуда буд. Он моҳи апрели соли равон барои ҳаракати одамон ва воситаҳои нақлиёт барои кашондани мусофирон кушода шудааст, ҳоло ҳам гузаштани мошинҳои боркаш иҷозат дода намешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates