Дар Эр-Риёд машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

    Дар Эр-Риёз даври панҷуми машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои Ӯзбекистону Саудӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Алоев ва муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Валид Ал-Хариҷӣ роҳбарӣ карданд.

    Зимни гуфтушунид рафти иҷрои созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ шуд. Масъалаҳои фаъолгардонии муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ шуданд. Ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва тавсеаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо таваҷҷуҳи тарафайн изҳор карда шуд.

    Ҷонибҳо тамоюлҳои мусбати рушди муносибатҳои байнидавлатиро қайд намуда, омодагии худро барои сафарбар намудани тамоми захираҳо барои боз ҳам амиқтар намудани шарикии ҳамаҷонибаи ду кишвар тасдиқ намуданд.

    Ба ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои муштараки дарпешистодаи хусусияти дуҷониба ва байниминтақавӣ дошта, аз ҷумла дар формати «Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории давлатҳои араби Халиҷи Форс» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    Ҳамчунин табодули афкор доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates