Дар Фарғона ва Ҷиззах дуздии ангишти имтиёзнок, ки барои аҳолӣ пешбинӣ шуда буд, ошкор шуд

    Бонги изтироб 12 Dekabr 2023 3973

    Хидмати матбуоти Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералӣ аз дуздии ҳудуди 3 000 тонна ангишт дар вилоятҳои Фарғона ва Ҷиззах, ки барои фурӯш ба аҳолӣ бо нархҳои имтиёзнок пешбинӣ шуда буд, хабар медиҳад.

    Ба иттилои ин идора, дар яке аз мавридҳо ҳангоми тафтиши пешакӣ муайян карда шудааст, ки сардори анбори ангишти «Олтиариқ»-и ҶММ «Кӯмир таъминот» бо як нафар, ки ба анбори ангишт аз ноҳияи Риштон вобаста карда шудааст, ва шахсони дигар забон як кардааст. Онҳо якҷоя дар бораи бо нархи арзон интиқол додани 2578 тонна ангишт ба сокинони Риштон ба маблағи 774,1 миллион сӯм дар давраи тирамоҳу зимистон ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб додаанд. Зимнан зикр мегардад, ки ин гурӯҳи одамон бо роҳи тақаллуби ҳуҷҷатҳо маводи сӯхтро дуздида, дар ниҳоят ба шахсони сеюм мефурӯшанд.

    Дар навбати худ, аз ҷониби шуъбаи ноҳияи Мирзочул далели дуздии ангишти иҷтимоӣ аз анбори ангишти “Дӯстлик”-и ҶММ «Кӯмир таъминот» ошкор карда шуд. Ба гуфтаи ин идора, кормандони масъули анбор ба мисли ҳодисаи қаблӣ бо як гурӯҳи одамон забон як карда, дар мавриди фурӯши 351 тонна ангишт, ки барои фурӯш ба аҳолӣ бо нархи имтиёзнок пешбинӣ шуда буд, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб додаанд.

    Аз рӯи ин далелҳо тибқи моддаҳои 167 «Дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ё толону тороҷ» ва 228 «Таҳия, сохтакории ҳуҷҷатҳо, штампҳо, мӯҳрҳо, бланкаҳо, фурўш ё истифодаи онҳо» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates