Дар Фарғона мулоқоти гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба амал омад

    Аз 11-ум то 16-уми июли соли 2022 дар Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсияи Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

    Зимни мулоқот масоили марбут ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар мавриди тарҳи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон пешниҳодҳои мутақобила омода карда шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

    Мулоқот дар вазъияти дӯстӣ ва ҳамфикрӣ гузашт.

    Дар ҷамъбасти чорабинӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

    Мулоқоти навбатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates