Дар водии Фарғона 5–6 сентябр интиқоли газ ба ИГКА ва истеъмолкунандагони калон маҳдуд карда мешавад

    Энергетика 4 Sentabr 2025 569

    Дар водии Фарғона аз 5-уми сентябри соли 2025, соати 12:00 барои 36 соат интиқоли гази табиӣ муваққатан қатъ мешавад. Дар ин бора Вазорати энергетика хабар дод.

    Зикр шудааст, ки сохтмони қариб 22 км қубури иловагӣ дар қисми кӯҳии қубури магистралии гази “Оҳангарон – Пунгон”, ки таъминкунандаи водии Фарғона мебошад, ба анҷом расидааст.

    Ба истифода додани қубури нав барои баланд шудани эътимоднокии бо гази табиӣ таъмин намудани истеъмолкуннадагони вилоятҳои водӣ хидмат мекунад.

    Бо назардошти васл кардани қубури нав ба шабака ва анҷом додани корҳои монтаж, аз 5-уми сентябри соли 2025, соати 12:00 барои 36 соат интиқоли гази табиӣ тавассути қубури магистралии “Оҳангарон – Пунгон” муваққатан қатъ мегардад.

    Бо мувофиқаи мақомотҳои маҳаллӣ, дар рӯзҳои таъмир (5-6 сентябр) таъминоти гази нуқтаҳои компрессории газ (НФГТ) ва истеъмолкунандагони калон маҳдуд карда мешавад.

    Бо назардошти ин, ҳаҷми фурӯши бензини автомобилӣ дар вилоятҳои водӣ зиёдтар карда мешавад.

    Барои маълумот: дар рафти корҳои сохтмонӣ барои таъмини сокинон бо гази табиӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

    Барои нороҳатиҳое, ки ба миён меоянд, аз сокинон узр мепурсем.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates