Дар вилояти Фарғона дар 300 гектар малиназорҳои нав  бунёд карда  мешаванд

    Дар ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон корҳо оид ба бунёди плантатсияҳои нави малина оғоз шуданд, ки масоҳати умумии онҳо 300 гектарро ташкил хоҳад дод.

    Ҳанӯз дар миёнаҳои августи соли 2021 дар бораи нақшаҳои васеъ кардани кишти малина дар ин минтақа маълум шуд. Бо дарназардошти он, ки иқлими ин минтақа барои парвариши малина хеле мувофиқ аст, 300 гектар замини холӣ ва истифоданашуда барои кишти малина дода шуд. Корҳо оид ба таҳлили хок, тоза кардани майдон аз сангҳо, коркарди замин бо нуриҳои органикӣ ва ташкили системаи обёрӣ, аз ҷумла кандани чоҳҳо ва васли насосҳо оғоз шуданд.

    Пешбинӣ шуда буд, ки тақрибан ҳазор оила (хоҷагиҳои ёрирасон) бо рӯёндани малина дар малиназорҳои нав машғул шуда, ҳамкории онҳо дар шакли кооператсия ташкил карда мешавад. Илова бар ин, ин лоиҳа бунёди иншооти хунуккунӣ, нигоҳдорӣ ва яхбандии малина, инчунин як иншооти коркардро дар бар мегирад.

    Ба наздикӣ кор оиди бунёди плантатсияҳои нави малина дар мавзеи "Водил Кизилқӯрғон" оғоз шуд.

    Рӯёндани малина дар вилояти Фарғона маҳз дар деҳаи "Водил"-и ноҳияи Фарғона пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 5600 хонавода ва хоҷагии фермерӣ бо парвариши ин мева машғул мешаванд. Майдони умумии ниҳолҳои малина дар деҳа 500 гектар буда, ҳаҷми истеҳсоли солона 4,4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Мутаносибан, пас аз татбиқи лоиҳаи васеъ намудани киштзори малина майдони умумии онҳо дар ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғона 800 гектарро ташкил хоҳад дод. Дар Ӯзбекистон дар як сол ду маротиба, дар давраҳои -- май-июн ва август-сентябр ҳосили малина ҷамъоварӣ карда мешавад.

    Тибқи иттилои таҳлилгарони EastFruit содироти малина аз Ӯзбекистон агар партияҳои алоҳидаро дар ҳаҷми то 20 тонна ба эътибор нагирем, барои бозори нав амалан вуҷуд надорад. Соли гузашта 120 тонна ин мева ба хориҷ содир карда шуд, ки тақрибан 100-110 тоннааш ба Қазоқистон ва 10-15 тоннааш ба Туркия фиристода шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ, аз аввали январ то нимаи моҳи октябри соли 2021 Ӯзбекистон ба хориҷа 32,3 тонна малинаи тару тоза содир кардааст.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates