Дар Гамбург Форуми дуюми «Соҳибкории миёнаи Олмону Авруосиё» баргузор шуд

    Тиҷорат 28 Sentabr 2023 2058

    26 сентябри соли равон дар шаҳри Гамбург бо иштироки Раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Даврон Ваҳобов Форуми дуюми «Соҳибкории миёнаи Олмону Авруосиё» баргузор гардид.

    Ин ҳамоиш аз ҷониби Ассотсиатсияи соҳибкорони Олмон ва Авруосиё созмон дода шуда, ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи тиҷоративу иқтисодӣ миёни Олмон ва кишварҳои ИДМ равона шудааст.

    Ассотсиатсияи тиҷоратии Олмон ва Авруосиё беш аз 200 ширкатҳои миёна ва хурди Олмонро муттаҳид мекунад, ки дар кишварҳои ИДМ фаъолият мекунанд.

    Дар чорабинӣ, ки роҳбарияти зиёда аз 150 ширкати олмонӣ иштирок доштанд, салоҳияти Ӯзбекистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод муаррифӣ гардид. Ба имкониятҳои мамлакати мо барои ба мамлакатамон овардани иқтидорҳои истеҳсолии тиҷорати Олмон диққати махсус дода шуд.

    Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки 7-11 ноябри соли ҷорӣ сафари зиёда аз 50 нафар намояндагони соҳибкории олмонӣ таҳти роҳбарии Ассотсиатсияи соҳибкорони миёнаи Олмон-Авруосиё ба Ӯзбекистон анҷом диҳанд.

    Дар доираи боздид ташкил кардани сафар ба минтақаҳои индустраливу саноатии шаҳри Тошканд, инчунин вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд ба анқша гирифта шудааст, хабар медиҳад хидмати матбуоти ПСС.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates