Мувофиқи қарор, корҳои зерин анҷом дода мешаванд:
гузариши марҳилавии муассисаҳои давлатии томактабӣ ба системаи ташкили ғизо тавассути аутсорсинг;
ҷорӣ намудани "Таомномаи ягонаи фаслӣ" ва ба ҳисоб гирифтани хароҷотҳо барои ғизо тавассути модулҳое, ки дар системаи иттилоотии идоракунии таҳсилоти томактабӣ "Боғчаи бачагона" офарида шудаанд;
ташкили ғизо барои кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ дар асоси "Таомномаи ягонаи фаслӣ" бо муайян кардани арзиши рӯзонаи ғизои як кӯдак дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ.
Ҳамчунин Маркази ташкилӣ ва назорати ғизо дар соҳаи маориф таъсис дода мешавад.