Дар ин форум ҳайати Ӯзбекистон низ ширкат дорад.
Дар доираи форум миёни Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Чеченистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Инчунин, дар байни Палатаҳои савдо ва саноати Ӯзбекистон ва Чеченистон, инчунин шаҳрдори Грозний созишномаи сетарафа баста шуд.
Бар асоси ин тавофуқномаҳо, ҷонибҳо дар бунёди як бозори яклухтфурӯшии маҳсулоти тавлиди Ӯзбекистон дар Грозний ва маркази фурӯши яклухти маҳсулоти Ӯзбекистон дар ҳавзаи федералии Қафқози Шимолӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.