Платформаҳо ӯҳдадор хоҳанд шуд, ки низоми санҷиши синну солро ҷорӣ намоянд.
Дар ин бора Сарвазири Испания Педро Санчес рӯзи сешанбе хабар дода, маҷмӯи тадбирҳоро оид ба таъмини муҳити амни рақамӣ муаррифӣ кард, менависад “Reuters”.
Ҳукумат борҳо аз паҳншавии суханони нафратангез, муҳтавои порнографӣ ва дезинформатсия дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намудааст, ки чунин мавод ба ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
«Фарзандони мо худро дар фазое меёбанд, ки аслан барои танҳо мондани онҳо пешбинӣ нашудааст... Мо дигар ба ин тоқат намекунем», — гуфт Санчес ҳангоми суханронӣ дар Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо, ки дар Дубай баргузор шуд ва дигар кишварҳои аврупоиро низ ба андешидани чунин чораҳо даъват кард.
«Мо онҳоро аз Ғарби ваҳшии рақамӣ ҳифз мекунем», — илова намуд ӯ.
Моҳи декабр Австралия аввалин кишваре гардид, ки барои кӯдакони то 16-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро манъ кард. Кишварҳое, ки чораҳои вобаста ба синну солро баррасӣ доранд, ин ташаббусро бо диққат пайгирӣ мекунанд.
Сарвазири Испания эълон намуд, ки ҳафтаи оянда лоиҳаи қонуне пешниҳод мешавад, ки тибқи он роҳбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн кардани муҳтавои ғайриқонунӣ ва суханони нафратангез ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, инчунин, манипулятсияи алгоритмҳо ва паҳнсозии муҳтавои ғайриқонуниро ҳамчун ҷиноят эътироф мекунад, хабар медиҳад azertag.az.