Дар IT-парк биноҳои нав ба истифода дода шуданд

    Ҳукумат 27 Avgust 2022 6118

    Президент Шавкат Мирзиёев 27 август аз бинои нав, ки дар Боғи технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ сохта шудааст, дидан кард.

    Сарвари давлат 20 ноябри соли 2019 санги аввалро ба сохтмони ин маҷмӯъ гузошта, моҳи декабри соли гузашта бо рафти корҳо шинос шуд. То имрӯз сохтмони биноҳои 20, 22, 25-ошёна ва толори конфронс ба охир расид.

    Дар мамлакатамон ба рушди технологияҳои иттилоотӣ аҳамияти хосса дода мешавад. Дар панҷ соли охир ба ин бахш 2 миллиард доллар, аз ҷумла 700 миллион доллар сармояи мустақим равона шудааст. Дар тамоми минтақаҳо IT-паркҳо ташкил карда, барои онҳо тартиби махсуси андоз ҷорӣ карда шудааст. Ба шарофати ин 14 ҳазор нафар ҷавонон бо кори сермузд таъмин гардиданд. Ғайр аз ин шумораи мутахассисони ин соҳа ба 43 ҳазор нафар расид.

    Танҳо дар соли ҷорӣ дар кишвари мо 134 ширкати нави технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла 50 ширкатҳои хориҷӣ ба вуҷуд омада, шумораи корхонаҳои содиркунанда ду баробар афзуд.

    Дар ин самт Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, воқеъ дар ноҳияи Мирзо-Улуғбеки пойтахт пешсаф мебошад. Нахуст парк фаъолияти худро дар бинои дуошёна оғоз намуд, ки имрӯз он ба як бинои боҳашамати баландошёна табдил ёфтааст.

    Ҳам шумораи резидентҳои IT-парк ва ҳам доираи хидматрасонии онҳо васеъ мешавад. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ онҳо ба маблағи 53 миллион доллар хидмат содир кардаанд. Интизор меравад, ки ин рақам то охири сол аз 100 миллион доллар бештар шавад.

    Сарвари давлат аз биноҳои ширкатҳои саҳҳомии «Алоқабанк» ва «Ӯзбектелеком» дидан кард. Дар ошёнаҳои поён офисҳои хидматрасонии муштариён ҷойгиранд. Ошёнаҳои болоӣ барои корхонаҳои IT пешбинӣ шудаанд. Таваққуфгоҳи зеризаминии сеошёна барои 3000 мошин мавҷуд аст.

    Сохтмони IT-парк дар 2 марҳила сурат мегирад. Дар ин ҷо ҷамъ 17 бино сохта мешавад. Ташкилотҳои саноатӣ, донишгоҳ, маркази коворкинг дар ҳамкории зич кор мекунанд. Дар ин маҷмӯъ ҳамчунин биноҳои маъмурӣ, меҳмонхона, қаҳвахонаву тарабхонаҳо, мағозаҳо, майдончаи варзишӣ ва майдонҳои истироҳатӣ ҷойгир хоҳанд шуд.

    Инчунин, дар ин ҷо дар бораи низоми автоматиконидашудаи ба ҳисобу китоби дар ҶС “Ўзсувтаъминот” ҷоришуда, лоиҳаи минбаъд такмил додани низоми электронии Хидмати бехатарии ҳаракати роҳ маълумот дода шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates