Дар Девони Вазирони Ҷумҳурии  Ӯзбекистон

    Ҳукумат 3 Dekabr 2021 1062

    Дар ҷамъомади навбатии Президиуми Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон самарабахшии корҳо оид ба иҷрои барномаи содиротии соли 2021 ва ташаккул додани захираҳои кафолатноки содиротӣ барои соли 2020, ки роҳбарони вазоратҳои масъул, идораҳо ва иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд амалӣ менамоянд, аз нуқтаи назарри танқидӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Дар ҷаласа ҳисоботи муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ А. Воитов, Вазири кишоварзӣ Ҷ. Хоҷаев, раиси Ассотсиатсияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат» И. Ҳайдаров, раиси Ассотсиатсияи «Ӯзелтехсаноат» М. Юнусов ва ҳокими вилояти Намангон Ш. Абдуразоқов шунида шуданд.

    Зимнан зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ содироти маҳсулот ва хизматрасонӣ ба маблағи 9,7 миллиард доллар анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 дарсад, асосан аз ҳисоби маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ - нассоҷӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, техникаи маишӣ, воситаҳои нақлиёт, инчунин хизматрасониҳои нақлиёт, сайёҳӣ ва телекоммуникатсия афзоиш ёфтааст.

    Махсусан таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба фаъолияти содиротӣ 1900 корхонаи нав бо ҳаҷми содироти 561 миллион доллар ҷалб гардида, 157 намуди нави маҳсулот содирот карда шуд.

    Дар ҷаласа камбудиҳо дар кори ташкили содироти маҳсулоти дорои арзиши иловашуда ва меваю сабзавот низ муфассал баррасӣ шуданд.

    Аз рӯи ҷамъбасти муҳокима қарор шуд, ки нисбат ба роҳбароне, ки бемасъулиятона муносибат кардаанд, чораҳои таъсирбахш дида шаванд. Дар байни онҳо ҳокимони ноҳияҳои Берунӣ (Сапарбоев), Хўжаобод (Аҳмадалиев), Яккабоғ (Абдуллоев), Чортоқ (Отахожаев), Каттақўрғон (Насриддинов), Бўстонлиқ (Аҳмедов) ва Учкўприк (Маҳмудалиев) ҳастанд.

    Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа бо назардошти захираҳои иловагии мавҷуда ва дар асоси ҳисобҳои таҳлилӣ ҷиҳати таъмин намудани суръати баланди рушд то охири соли ҷорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми содирот тадбирҳои мушаххас муайян карда шуданд.

    Дар баробари ин, ба инҳо диққати махсус дода шуданд:

    • дар моҳи декабри соли ҷорӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳои хоҷагидорӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ мақсаднок омӯхтани фаъолияти корхонаҳои содиркунанда дар маҳалҳо;
    • андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва минбаъд зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, инчунин ҷалби корхонаҳои нав ба содирот, ки дар доираи барномаҳои сармоягузорӣ дар соли ҷорӣ ворид карда шудаанд;
    • истифодаи васеъи имкониятҳои Агентӣ оид ба пешбурди содирот.

    Бинобар ҷамъбасти муҳокима қарори протоколии Президиуми Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардид.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates