Дар чорабинӣ, ки дар яке аз марказҳои илмии бонуфузи Миср баргузор шуд, аъзои Ҷамъияти дӯстии “Миср-Ӯзбекистон”, намояндагони доираҳои сиёсӣ, илмӣ, тиҷоратӣ ва васоити ахбори оммаи кишвар ширкат доштанд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ўзбекистон Фурқат Сидиқов дар бораи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишвар татбиқ мегарданд, маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла, дар бораи лоиҳаҳое, ки дар чаҳорчӯби Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 татбиқ шудаанд, муфассал нақл кард. Таваҷҷуҳи алоҳида ба он нигаронда шуд, ки соли равон якҷоя бо ҷомеаи васеъ ва ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 таҳия шудааст.
Дар асоси рӯйдодҳои ҷаҳонии имрӯза Стратегияи рушд ҳафт самти афзалиятноки баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодро муайян кардааст.
Таъкид гардид, ки ислоҳоти пайвастаи таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев татбиқшаванда дар рушди кишвар – Ӯзбекистони Нав марҳилаи навро боз намуд. Ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид, ки сарвари давлатамон бо кишварҳои хориҷӣ робитаҳои ошкоро ва дӯстона барқарор намуда, минтақаи Осиёи Марказӣ самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ муайян шудааст.
Модератори чорабинӣ – директори Маркази тадқиқоти стратегии Қоҳира Аҳмад Муслимонӣ қайд кард, ки дар тӯли панҷ соли охир Ӯзбекистони нав бунёд гардида, дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ комёбиҳои бузург ба даст оварда шудааст.
Вай таъкид кард, ки Қоҳира ва Тошканд барои ба сатҳи баландтар расондани равобити дуҷониба иқтидор ва имконоти бузург доранд. Инчунин робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва заминаҳои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф вуҷуд доранд. Аз ҷумла, беш аз 60 санади дуҷониба ба имзо расида, заминаи ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки самтҳои нави ҳамкориҳо густариш ёбад.
Декани факултети Донишгоҳи Қоҳира, дорандаи ордени «Дӯстлик», профессор Аҳмад Раҷаб Ризқ қайд кард, ки равобити мардуми Мисру Ӯзбекистон ҳазорсола аст. Ба гуфтаи олим, нилометри бунёдкардаи Аҳмад Фарғонӣ дар Қоҳира, маҳаллаи «Узбакия»-и пойтахти кишвар, давлатҳои тулуниён, мамлюкҳо ва айюбиёни Миср ва бисёр мисолҳои дигар таърихи дуру дарози муносибатҳои дӯстонаи моро тасдиқ мекунанд.
Сенатори парлумони Миср ва сармуҳаррири рӯзномаи «Аш-Шурук» Имодуддин Ҳусейн қайд кард, ки дар тӯли 30 соли охир Миср ва Ӯзбекистон якҷоя корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд ва изҳори итминон намуданд, ки иқтидори то ҳол истифоданашудаи ду давлат вуҷуд дорад, ки барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои мо заминаи мустаҳкам хоҳад буд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.