Дар Қазоқистон таҷрибаи Ӯзбекистон оид ба дастгирии ташаббусҳои занон зикр гардид

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбаева бо аъзои Комиссияи миллии корҳои занон ва сиёсати оилавию демографии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот анҷом дод.

    Дар рафти чорабинӣ Раиси Сенат оид ба ислоҳоти фарохмиқёсе, ки дар кишвари мо дар соҳаи дастгирии соҳибкории хурд ва соҳибкории хусусӣ амалӣ мегарданд, иттилоъ дод.

    Аз ҷумла, махсус таъкид шуд, ки дар солҳои охир дар кишвар зиёда аз 40 санади меъёриву ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки ба рушди соҳибкорӣ равона гардидаанд ва беш аз 10-тои онҳо ба дастгирии соҳибкории занон бахшида шудаанд.

    Ҳамзамон зикр гардид, ки бо мақсади ҳавасманд гардонидани фаъолияти занон дар соҳаи бизнес ва амалӣ намудани ташаббусҳои онҳо дар низоми Бонки халқӣ механизми расондани кӯмаки ҳамаҷониба ҷорӣ карда шудааст. Бо шарофати ин система ба занони соҳибкор дар тамоми марҳилаҳои фаъолияти онҳо — аз зинаи ибтидоӣ то роҳандозии фаъолияти соҳибкории худ — дастгирӣ мерасад.

    Дар ҷараёни мулоқот оид ба таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба, баробарии гендерӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани нақши занон дар оила ва ҷомеа табодули афкор сурат гирифт.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates