Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 апрели соли 2023 №ҚП-135 “Дар бораи чораҳои иловагии рушди босуръати иқтидори сайёҳии ҷумҳурӣ, инчунин минбаъд васеъ гардондани миқдори сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ” дар ҷашнвора таомҳои миллии ӯзбекӣ, туркманӣ, тоторӣ, қазоқӣ, кореягӣ ва русӣ ба намоиш гузошта шуда, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ низ ташкил карда шуд.
Илова бар ин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарнамоии дастаҳои фолклорӣ, намоиши либосҳои миллӣ, дарсҳои маҳорати омода кардани таомҳои миллӣ, ярмаркаи маҳсулоти сайёҳии кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар ҷашнвора, ки ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллиро ҷалб кард, меҳмонон тавонистаанд раванди омодасозии таомҳои ӯзбекӣ ва миллии халқҳои гуногунро бевосита мушоҳида кунанд.