Дар Конгресси ИМА маросими муаррифии китоби «Ӯзбекистони Нав: роҳи Шавкат Мирзиёев» баргузор гардид

    Воқеаҳо 18 Sentabr 2025 981

    Дар бинои Конгресси ИМА дар Вашингтон маросими муаррифии китоби «Ӯзбекистони Нав: роҳи Шавкат Мирзиёев» баргузор гардид.

    Дар ин чорабинӣ муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев, зиёда аз 70 намояндаи Конгресси ИМА, Кохи Сафед, Департаменти давлатӣ, муассисаҳои федералии пешбар, ширкатҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, инчунин намояндагони доираҳои дипломатӣ ва коршиносӣ иштирок намуданд.

    Иштирокчиён андешаҳои худро оид ба ислоҳот ва тағйироте, ки дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мегарданд, аз ҷумла дар соҳаҳои идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, иқтисод, маориф, баробарии гендерӣ ва сиёсати хориҷӣ, баён карданд.

    Конгрессменҳои ИМА дар суханрониҳои худ ба китоби нашршуда баҳои баланд дода, Президент Шавкат Мирзиёевро ҳамчун раҳбари замонавии сиёсӣ ва сардори давлат, ки барои ислоҳоти демократӣ талош меварзад, эътироф карданд.

    Таъкид гардид, ки аз соли 2017 миёни Ӯзбекистон ва ИМА дар соҳаҳои маориф ва сиёсати ҷавонон ҳамкории зич ба роҳ монда шуда, ҳазорҳо донишҷӯён ва мутахассисони ӯзбекистонӣ имконият пайдо кардаанд, ки дар ИМА ихтисоси худро такмил диҳанд.

    Гуфта шуд, ки сиёсати нави хориҷии Ӯзбекистон бар асоси принсипҳои ошкорбаёнӣ, муколама ва прагматизм бунёд ёфтааст.

    Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ ба дастовардҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сиёсати гендерӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқи занон ва тақвияти иқтидори ҷавонон диққати махсус дода шуд.

    Дар анҷоми муаррифӣ тарафҳо оид ба ташкили як қатор «мизҳои мудаввар» ва вохӯриҳои таҳлилӣ бар асоси муҳтавои китоб, инчунин баррасии дурнамои ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва ИМА ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates