Дар Кремл дар бораи яке аз мавзуъҳои асосии суҳбати Путин ва Трамп хабар доданд

    Юрий Ушаков: Трамп ва Путин дар бораи ҳамкорӣ пас аз анҷоми низоъ дар Украина сӯҳбат карданд.

    Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи ҳамкории минбаъда пас аз анҷоми низоъ дар Украина табодули афкор карданд. Ба гуфтаи ёвари пешвои Русия Юрий Ушаков, ин яке аз мавзӯъҳои асосии изҳороти роҳбари Амрико буд, менависад РИА Новости.

    «Яке аз нуқтаҳои асосии изҳороти президенти Амрико ин буд, ки анҷоми низоъ дар Украина имкониятҳои бузурге — ӯ махсус таъкид кард — барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии ИМА ва Русия фароҳам меорад», — гуфтанд дар Кремл.

    Трамп 16 октябр бо Путин суҳбати дусоата анҷом дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни гуфтугӯ «пешрафти калон» ба даст омад. Роҳбари Кохи сафед ҳамчунин аз вохӯрии ояндаи худ бо ҳамтои русияш хабар дод, ки он дар шаҳри Будапешт баргузор хоҳад шуд. Ӯ ваъда дод, ки дар бораи ин суҳбат бо президенти Украина Владимир Зеленский низ табодули афкор хоҳад кард, менависад lenta.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates