Садир Жапаров изҳор дошт, ки аз соли 1854 инҷониб сатҳи оби кӯли Иссиқкӯл тақрибан 14 метр паст шудааст, ҳамзамон шумораи дарёҳое, ки ба кӯл ҷорӣ мешаванд, зиёда аз се маротиба кам гардидааст, ки ин боиси нигаронӣ мегардад.
Ӯ гуфт, ки дар солҳои 1950–1960 ба кӯл тақрибан 100–110 дарё ҷорӣ мешуд, ҳоло бошад ҳамагӣ 30–35 дарё боқӣ мондааст. Агар ин раванд идома ёбад, минтақа бо паёмадҳои ҷиддии экологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, аз ҷумла афзоиши воридоти об ба кӯл, татбиқи лоиҳаҳо оид ба сохтмони каналҳои нав ва иншооти гидротехникӣ.
Ёдовар мешавем, ки 25–26 декабр дар шаҳри Бишкек Курултойи чоруми мардумӣ баргузор мегардад, ки дар кори он сарвари давлат, аъзои Девони Вазирон, вакилони парлумон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, инчунин 690 вакил аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок доранд, хабар медиҳад inform.kz.