Дар Қирғизистон корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳои ҷарроҳии латексии Ӯзбекистону Қирғизистон ифтитоҳ мешавад

    Саноат 5 Aprel 2022 1265

    4 апрели соли ҷорӣ дар бинои сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии оид ба рушди соҳаи дорусозии назди Вазорати нигаҳдории тандурустии Ӯзбекистон ва «Дентафилл плюс» ва ҶММ «АЮ ФАРМ» (ба таркиби АЮ Холодинг” Қирғизистон шомил мегардад) созишнома имзо гардид.

    Маросими имзогузорӣ бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Қирғизистон сурат гирифт, хабар медиҳад портали молиявии Akchabar.

    Ҳуҷҷат рушди ҳамкориҳои сармоягузориро дар соҳаи дорусозӣ пешбинӣ мекунад. Ифтитоҳи муштараки ҶММ «Дентафилл Плюс» ва ҶММ «АЮ ФАРМ» барои истеҳсоли дастпӯшакҳои ҷарроҳии латексӣ дар Қирғизистон яке аз қадамҳои аввалин дар татбиқи ин созишнома хоҳад буд.

    Қайд карда мешавад, ки ин танҳо оғози ҳамкории мутақобилан судманд мебошад. Дар оянда ин ширкатҳо ният доранд, ки дар Қирғизистон истеҳсоли доруворӣ ифтитоҳ кунанд.

    Тавофуқҳои муқаддамотӣ миёни ширкатҳо моҳи марти соли гузашта дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Ӯзбекистон ҳосил шуда буданд. Сипас, сарвари давлат дар кори форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Қирғизистон иштирок кард. Дар натиҷа, ширкатҳои ду кишвар ба маблағи 130 миллион доллари ИМА шартнома имзо карданд, ки дар байни онҳо роҳандозии муштараки ҶММ «Дентафилл Плюс» ва ҶММ «АЮ ФАРМ» дар Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates