Дар Қирғизистон бозиҳои байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд

    Варзиш 26 Avgust 2021 740

    4-12 сентябри соли 2021 дар деҳаи Бактуу-Долонтуи Қирғизистон бозиҳои байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд. Бистумин бор варзишгарони ғайрикасбӣ аз кишварҳои ИДМ, Чин, Муғулистон ва Покистон ба соҳилҳои Иссиқкӯл меоянд.

    Шумораи умумии иштирокчиёни ин стартҳои оммавӣ аз 2000 нафар зиёд хоҳад буд. Ҳамаи онҳо давраҳои пешакии хостагириро дар кишварҳояшон гузаштаанд ва дар Иссиқкӯл аз рӯи 20 намуди варзиш: дартсу, футболи хурд, мас-рестлинг, тенниси рӯи миз, шиноварӣ, волейбол, стритбол, армрестлинг, штангабардорӣ, варзиши сабук, канаткашӣ, пойгаи оммавии варзиши сабук, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштӣ, регбии соҳилӣ, гӯштини сумо рақобат хоҳанд кард.

    Ба ғайр аз мусобиқаҳои анъанавӣ варзишгарон метавонанд дар гӯштини миллӣ "Алиш" (ҷанги камарбандӣ) қувва озмоянд ва дар мусобиқаи "Баатыр Исык-Куля" ширкат варзанд. Мусобиқаҳо байни мардон ва занон дар гурӯҳҳои синну соли гуногун баргузор мешаванд, хабар медиҳад Кумитаи иҷроияи ИДМ.

    Шиори ин мусобиқа -- "Осиё - минтақаи рафоқат ва сулҳ" ба Қирғизистон на танҳо варзишгарон, балки мураббиён ва коршиносони ҷомеаи касбиро гирд меорад, ки онҳо дурнамои рушд ва оммавгардонии варзиши оммавиро баррасӣ мекунанд. Варзишгарони маъруфи кишварҳои ИДМ меҳмони фахрии мусобиқа мебошанд.

    Ин мусобиқаро Шӯрои ҷумҳуриявии Ҷамъияти ихтиёрии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касаба бо дастгирии МФГС ва Агентии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Қирғизистон ташкил карданд.

    Маросими ифтитоҳи бозиҳо 5 сентябри соли 2021 дар деҳаи Бактуу Долонотуи вилояти Иссиқкӯл, дар маркази истироҳатии "Каприз" баргузор мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates