Зимни музокирот ҳолат ва пешомади рушди минбаъдаи ҳамкории Ӯзбекистону Малайзия мавриди муҳокима қарор гирифт.  

Ҷониби Малайзия ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ шуда, ба такмил додани идоракунии давлатӣ ва соҳаи қонунгузорӣ, озодгардонӣ ва навсозии иқтисодиёти миллӣ нигаронда шудааст, баҳои баланд дод. 

Худи ҳамон рӯз даври панҷуми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Малайзия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳавасмандии ҷонибҳо барои татбиқи иқтидори назарраси мавҷуда ҷиҳати таҳкими шарикӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ тасдиқ гардид.

Зарурати густариши робитаҳои мақомоти қонунгузории ду кишвар таъкид шуд. Таъкид гардид, ки амиқтар шудани муколамаи байнипарлумонӣ ба фаъол шудани робитаҳо дар тамоми самтҳои рӯзномаи умумӣ мусоидат мекунад.

Пешниҳодҳо оид ба зиёд кардани мубодилаи фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Ба масъалаҳои густариши ҳамкории ҷонибҳо дар чаҳорчӯби СММ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба паҳлӯҳои актуалии сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.