Ин примати нодир дар
дарахте миёни ҷангалҳои зичи тропикии Боғи миллии Ломами, воқеъ дар шарқи
кишвар, мушоҳида гардид. Маймун лабҳои зардранги тира ва бинии сиёҳ дорад, ки
онро аз дигар намудҳо фарқ мекунад.
Бори аввал ин ҳайвон соли 2008 таваҷҷуҳи муҳофизони табиатро ба худ ҷалб карда
буд, вале он замон танҳо акси норавшане аз он гирифта шуд.
Пас аз даҳ сол маймун дубора пайдо шуд ва гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон ба омӯзиши
он оғоз карданд. Таҳқиқот нишон дод, ки ин воқеан як навъи мустақили маймун
буда, қаблан барои илм номаълум будааст.
Ба гуфтаи олимон, ин панҷумин навъи нави маймун дар Африқо мебошад, ки тайи 75
соли охир расман ба қайд гирифта шудааст.
Роҳбарии таҳқиқотро Ҷуниор Амбоко, донишҷӯи докторантураи Донишгоҳи
Атлантикии Флорида, ба уҳда дошт. Дар ҷараёни пажӯҳиш муҳаққиқон овози ҳайвонро
сабт намуда, аксҳои муфассал гирифтанд ва таҳлили генетикии онро анҷом доданд.
Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар маҷаллаи илмии PLoS One ба нашр расидаанд.