Ҳокими Триполӣ Абдулҳамид Карима ин хабарро дар саҳифааш дар шабакаи X нашр кардааст.

“Аз зери харобаҳо ҷасади шаш нафар пайдо шуд ва ҳафт нафари дигар зинда наҷот дода шуданд. Онҳо ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд. Корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд ва эҳтимол дорад шумори қурбониён ва ҷароҳатбардоштагон афзоиш ёбад”, навиштааст ӯ.

Карима таъкид кардааст, ки аз ҳукумат дархост намудааст, то маҳаллаи қадимии Баб-Таббана, ки дар рӯзҳои охир пас аз боронҳои шадид ду бинои истиқоматӣ дар он фурӯ рехтааст, минтақаи хатарнок эълон карда шавад.

“Мо ба таври фаврӣ сокинони биноҳои атрофро, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, кӯчонида истодаем,” — гуфтааст ҳоким.

Сарвазир Наваф Салом ба хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуда, ваъда додааст, ки “ҳар нафаре, ки беэҳтиётӣ кардааст,” ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ӯ ҳамчунин мухолифинро даъват кардааст, ки аз “кӯшишҳои истифодаи худхоҳонаи сиёсӣ аз фоҷиаи даҳшатноки Триполӣ” худдорӣ намоянд, хабар медиҳад report.az.