Дар Лондон истиқболи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва БАТР баррасӣ шуд

    Муовини вазири корҳои хориҷии Ўзбекистон Бобур Усмонов зимни сафараш дар Британияи Кабир бо дабири кулли Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Казухико Когучи гуфтушунид анҷом дод.

    Зимни мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда бо таъкид ба додани динамикаи нав ба муносибатҳои Ӯзбекистон ва БАТР баррасӣ шуд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Аз ҷумла, ба татбиқи амалии тавофуқҳое, ки 1 декабри соли равон дар мулоқоти Президент Шавкат Мирзиёев бо президенти БАТР Одил Рено-Бассо дар ҳошияи Саммити ҷаҳонии иқлим дар Дубай ҳосил шуда буд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

    Казухико Когучи моҳи майи соли ҷорӣ дар Самарқанд бомуваффақият баргузор шудани 32-умин ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони БАТР-ро бо қаноатмандӣ қайд намуд.

    Дар мавриди тавсеаи ҳамкорӣ дар як қатор самтҳои ояндадор, аз ҷумла ширкати фаъоли бонк дар трансформатсия ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ва бонкҳо, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи рушди “сабз”, энергетикаи тоза, нақлиёт, соҳибкории занон ва ҷавонон, инчунин таъмини оби нӯшокӣ, рақамикунонӣ ва ғайра тавофуқ ҳосил шуд.

    Бояд гуфт, ки имрӯз сармоягузории бонк дар Ӯзбекистон аз 3,5 миллиард евро гузаштааст ва 60% портфели лоиҳа ба бахши хусусӣ рост меояд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates