Дар Лондон дурнамои лоиҳаҳои Ӯзбекистону Бритониё дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуданд

    Тандурустӣ 11 Oktabr 2024 915

    Сафири Ӯзбекистон дар Бритониёи Кабир Равшан Усмонов бо шарики идоракунандаи яке аз калонтарин ширкатҳои консалтингии Бритониё дар бахши тандурустӣ "Curzon Consulting" Четан Триведи мулоқот кард.

    Ширкати "Curzon Consulting" соли 2003 таъсис ёфта, тибқи гузориши "Financial Times" ва "Statista" ба 20 ширкати беҳтарини машваратии Бритониё шомил шудааст. Ширкат ба муштариёни тиҷоратӣ дар бахшҳои молия, инфрасохтор, муҳандисӣ, тандурустӣ ва бахши давлатӣ стратегияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ пешниҳод мекунад, хабар медиҳад АИ“Дунё”.

    Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Британияи Кабир ба ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистони Нав, аз ҷумла рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ ва ба куллӣ беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ баҳои баланд дод.

    Зимни суҳбат масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуданд. Аз чумла, оид ба татбиқи лоиҳаҳои якҷоя дар ин соҳа ва ба ҷумҳурӣ ба сифати кумаки бепул интиқол додани таҷҳизоти тиббӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ оид ба ташкили гуфтушунидҳои онлайн байни "Curzon Consulting" ва роҳбарияти Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ӯзбекистон ва Вазорати тандурустӣ тавофуқ ҳосил шуд.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates