Дар Люксембург нишасти вазирони “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ” баргузор шуд

    23 октябри соли 2023 дар Люксембург ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Бахтиёр Саидов дар ҷаласаи 19-уми вазирони Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

    Дар рафти чорабинӣ натиҷаҳои шарикии ҳамаҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардида, афзалиятҳои асосии соли оянда муайян карда шуданд.

    Ба таъсиси муносибатҳои устувори тиҷоратӣ ва механизмҳои муассири дастгирии молҳои мутақобила, рушди кооператсияи саноатӣ ва иқтидори сармоягузорӣ, инчунин ҷалби технологияҳои пешрафта барои мусоидат намудан ба гузариши минтақа ба иқтисодиёти “сабз” таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates