Дар Маскат дурнамои ҳамкории Ӯзбекистон ва Уммон дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд

    Сайёҳӣ 8 Avgust 2022 1102

    Дар Сафорати Ӯзбекистон дар Уммон бо роҳбарони ширкати сайёҳии «Zahara Tours» Арун Раҷ ва Сураҷ Шрофф мулоқот баргузор гардид.

    Ба ҷониби Уммон дар бораи иқтидори сайёҳии кишвари мо муфассал маълумот дода шуд.

    Менеҷерони ширкати "Zahara Tours" қайд карданд, ки ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Уммон аз ҷониби Ӯзбекистон ба афзоиши гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ мусоидат мекунад ва омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ бо сафорат ва ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Ӯзбекистон дар ин самт изҳор намуданд.

    Намояндагони "Zahara Tours" ҳамчунин пешниҳод карданд, ки моҳи декабр дар Маскат бо иштироки операторони сайёҳии Ӯзбекистон семинар баргузор шавад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ба гуфтаи онҳо, бо дарназардошти он, ки мардуми Уммон аз Ӯзбекистон танҳо аз адабиёти мактабӣ, дар бахши арабизабони шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ доранд, зарур аст, ки минбаъд ҳаҷми мундариҷаи ВАО-ро афзоиш дод, ки ба пешбурди имкониятҳои васеи сайёҳии шаҳрҳои оламшумули мамлакати мо ва зиёд кардани сафари туристон аз мамлакатҳои араб, аз чумла аз Уммон мусоидат мекунад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates