Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Б. Усмонов роҳбарӣ кард.
Сарони ҳайатҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СҲИ, ки соли 2025 дар Озарбойҷон баргузор мешавад, баррасӣ карданд ва оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмон мубодилаи афкор намуданд.
Дар поёни ҷаласа иштирокчиён Коммюникеи Машҳадро қабул карданд.
Аз 1-уми январи соли 2025 раёсат дар СҲИ аз Эрон ба Қазоқистон барои як сол мегузарад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.