Дар ВКХ бо раҳбари ширкати зиддитеррористии Бритониё оид ба Афғонистон мулоқот баргузор шуд

    5 сентябри соли 2023 намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исматулло Иргашев бо сардори ширкати зиддитеррористии Бритониё оид ба Афғонистон Бхавик Шоҳ вохӯрд.

    Доир ба вазъияти ҳозираи Афғонистон, масъалаҳои ба халқи афғон расондани ёрии башардӯстона, пурзӯр намудани саъю кӯшиши аҳли ҷамъияти ҷаҳон дар роҳи барқарор намудани иқтисодиёти миллии ин мамлакат мубодилаи ҳаматарафаи афкор барпо гардид.

    Б.Шоҳ нақши бузурги Ӯзбекистонро дар таҳияи мавқеи муттаҳидаи минтақавӣ оид ба Афғонистон, саъю талоши кишвари мо барои пешгирии вуруди таҳдидҳои террористӣ ба кишварҳои минтақа таъкид кард, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates