Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии СБМ дар Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор гардид

    28 марти соли 2023 Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба Афғонистон Исматулла Иргашев бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии СБМ оид ба Осиёи Марказӣ Зейнал Гаджиев мулоқот анҷом дод.

    Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Ӯзбекистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират, аз ҷумла дар самти Афғонистонро баррасӣ карданд.

    З. Ҳоҷиев нақши Ӯзбекистонро дар истиқрори сулҳи дарозмуддат ва пойдор дар Афғонистон таъкид кард.

    Ҳайати СБМ дар бораи саъю кӯшиши Ўзбекистон оид ба расондани кумаки башардӯстона ба халқи афғон, аз ҷумла тавассути имкониятҳои Хаби бисёрфунксионалии нақлиётӣ ва логистикӣ дар шаҳри Тирмиз, инчунин кумаки иқтисодӣ ба кишвар хабардор карда шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.