Зимни суҳбат имкониятҳои иловагие, ки барои бахши хусусӣ фароҳам оварда шудаанд, вазъи кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи лоиҳаҳои муштарак бо БАТР мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, тадбирҳои минбаъда оид ба таҳия ва тасдиқи стратегияи корхонаҳои хурду миёна, инчунин идомаи ислоҳоте, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат мекунанд, муҳокима шуданд.
Илова бар ин, масъалаҳо оид ба тадбирҳои минбаъдаи рушди бозори сармоя ва нақшаҳои афзалиятноки беҳтар намудани хусусиятҳои техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии лоиҳаҳои амалӣ дар соҳаи ҳамкориҳои бахшҳои давлативу хусусӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои муштаракро дар самтҳои дар боло зикршуда идома дода, доираи лоиҳаҳои судмандро васеъ намоянд.