Дар ДБОМ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Оинномаи СҲШ конфронс баргузор мешавад

    Воқеаҳо 15 Iyun 2022 1389

    17 июни соли ҷорӣ Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст, ки ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Оинномаи СҲШ дар мавзӯи «Созмони щамкории Шанхай: аз Осиёи Марказӣ то Авруосиё» конфронс баргузор кунад.

    Ташкилкунандагони ин чорабинӣ Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хоҳанд буд.

    Дар конфронси байналмилалӣ иштироки ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, намояндагони котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, коршиносони варзидаи сохторҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин, Ҳиндистон, Покистон, Эрон, Белорус, вакилони намояндагиҳои кишварҳои хориҷии дар Тошканд номнависшуда, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назар аст.

    Чорабинии дарпешистода як платформаи муассир барои табодули ошкоро ва созанда оид ба ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона, мубориза бо терроризм ва дигар соҳаҳо дар доираи СҲШ мегардад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates