Ҳуҷҷатро муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Войтов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сзян Ян ба имзо расониданд.
Созишнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки аз ҷиҳати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳамиятнок ба маблағи 250 миллион юан (муодили 37,5 миллион доллар) додани кӯмаки бепули молиявиро пешбинӣ мекунад.
То кунун дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои техникиву иқтисодии ду кишвар тарҳҳо дар бахшҳои беҳдошт, маориф, кишоварзӣ ва хоҷагии об, фарҳанг, нақлиёт ва ғайра амалӣ шудаанд.