Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати экология, нозирони Сарраёсати экологияи вилояти Намангон дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони «Олмас»-и ноҳияи Намангони вилояти ҳамном рейди профилактикӣ гузаронданд.

Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Б.М. 4 бех дарахти баргрезаро, ки қариб 100 сола аст, бурида, ба олами наботот ба маблаги 326 миллиону 850 ҳазор сӯм зарар расонд.

Барои баҳодиҳии ҳуқуқӣ ба амали шаҳрванд Б.М. маводи парванда ба прокуратураи ноҳия ирсол карда шуд. Аз рӯи натиҷаи санҷиш аз ҷониби додситонии ноҳия нисбати Б.М. бинобар  қисми 2 моддаи 198 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасии минбаъда ба суди корҳои ҷиноии Намангон ирсол гардид.

Ин парвандаи ҷиноиро суди ноҳия дар ҷаласаи сайёр баррасӣ кардааст. Дар натиҷа, Б.М. мутобиқи қисми 2-юми моддаи 198-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гунаҳкор дониста шуда,  ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳдуд карда шуд. Инчунин қарор шуд, ки аз Б.М. зарари ба олами наботот ба маблаги 326 миллиону 850 ҳазор сӯм расондашуда ба фоидаи идораи экологияи вилояти Намангон рӯёнда шавад.