Дар Намангон Ҷашнвораи II байналмилалии асал барпо гардид

    Дар Намангон 27-29 октябр дар боғи мавзӯии “Водии афсонаҳо” Ҷашнвораи II байналмилалии асал баргузор гардид.

    Дар он зиёда аз сад нафар соҳибкорону мутахассисон аз ҷукмҳуриҳои ҳамсоя — Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия, инчунин қариб 200 нафар занбурпарварони маҳаллӣ иштирок намуданд.

    Ҳадафи асосии фестивал таҳкими ҳамкориҳо ва дӯстии мутақобила, инчунин фароҳам овардани платформа барои табодули таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи занбӯри асалпарварӣ, индустрикунонии занбӯри асалпарварӣ бо ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва дохил шудан ба қатори 10 кишвари бузургтарин ҷаҳон, аз қабили Русия, Қазоқистон ва Украина, ки ин соҳа ривоҷ ёфтааст, мебошад.

    Дар доираи ҷашнвора 1000 кг асал ба шаҳрвандони имконияташон маҳдуд, оилаҳои камбизоат ва занони эҳтиёҷманди ҳифзи иҷтимоӣ ройгон тақсим карда шуд.

    Чорабинӣ дар рушди минбаъдаи иқтидори сайёҳии дохилӣ ва хориҷии вилоят нақши муҳим мебозад.

    Дар фарҷоми чорабинӣ ба зиёда аз 40 нафар занбӯрпарварони маҳаллӣ ва ҳамсоя, ки дар ҷашнвора иштирок доштанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates