Дар шаҳри Намангон роҳбари яке аз ширкатҳои консалтингӣ ба шаҳрванде ваъда медиҳад, ки тавассути шиносҳояш ӯро ба Кореяи Ҷанубӣ ба кор мефиристад. Барои ин «хизмат» 10 ҳазор доллари ИМА талаб карда, ҳангоми гирифтани 1,5 ҳазор доллари пешпардохт бо далелҳои шайъӣ дастгир шуд.
Ҳамчунин, корманди идории як ширкати дигари консалтингӣ низ дар сари чунин ҷиноят дастгир гардид. Ӯ ба сокини ноҳияи Тӯрақӯрғон ваъда дода буд, ки ӯро ба Латвия ба кор мефиристад ва ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд.
Ҳоло нисбат ба ҳар ду ҳолат тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мақомоти масъул аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд, ки ба пешниҳодҳои шубҳаноки марбут ба кор дар хориҷ фирефта нашаванд. Ба онҳое, ки мехоҳанд дар хориҷ кор кунанд, тавсия дода мешавад, ки ба Агентии муҳоҷирати назди Девони Вазирон ё ба агентиҳои хусусии шуғл, ки иҷозатномаи дахлдор доранд, муроҷиат намоянд.