Дар ағбаи "Қамчиқ"-и вилояти Намангон макони нави сайёҳӣ бунёд мегардад

    Сайёҳӣ 15 Oktabr 2025 3175

    Дар қисми ағбаи “Қамчиқ”, ки аз вилояти Намангон мегузарад, роҳи овезон ва маҷмааи истироҳатии муосир бунёд мегардад.

    Дар бораи ин Хадамоти матбуоти ҳокимияти вилоят хабар дод.

    Гуфта мешавад, ки лоиҳа 90 гектар майдонро фаро мегирад ва онро гурӯҳи “Doppelmayr / Garaventa”-и Австрия амалӣ мекунад.

    Гурӯҳи “Doppelmayr / Garaventa” як гурӯҳи бузурги ширкатҳоест, ки дар Австрия ва Швейтсария таъсис ёфтааст ва ба истеҳсоли роҳҳои овезон (ropeways), гондола, лифт ва системаҳои ҳамлу нақли мусофирону маводҳо машғул аст. Ширкат дорои портфели васеи технология ва хизматрасониҳо мебошад ва дар 96 кишвари дунё зиёда аз 15 000 лоиҳаи роҳҳои овезонро амалӣ кардааст.

    Ҳокими вилояти Намангон Шавкатҷон Абдураззоқов бо намояндагони гурӯҳ — Йоҳаннес Трибник, Валерий Яшин ва Евгений Куприн мулоқот анҷом дод.

    Дар вохӯрӣ аҳамияти лоиҳа ва иншооте, ки сохта мешавад, баррасӣ гардид.

    Бояд гуфт, ки ин лоиҳа аз тарафи яке аз соҳибкорони пешсафи Намангон — роҳбари ширкати “Aisha group” Ҷобирхон Камолиддинов маблағгузорӣ мегардад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates