Тибқи маълумот, муовини роҳбари филиали вилоятии Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Кӯмир таъминот» тавассути шиносҳои худ, ки дар вазифаҳои баланд фаъолият мекарданд, барои таъйин кардани шаҳрванд ба вазифаи мудири анбори ангишт дар яке аз ноҳияҳо ва ҳамчунин зиёд кардани шумораи вагонҳои боршудаи ангишт ба анбор, 40 000 доллари ИМА талаб намудааст.

Гуфта мешавад, ки 6 декабри соли ҷорӣ ӯ тавассути корманди филиал 25 000 доллари амрикоии дархостшударо гирифта, таъйини шаҳрвандро ба вазифаи мудири анбор таъмин кардааст.

Баъдан, шахси мансабдор қисми боқимонда — 15 000 доллари ИМА, инчунин ҳамчун «ҳисса» барои фиристодани 30 вагони ангишт ба анбор 7 500 доллари ИМА, дар маҷмӯъ 22 500 доллари ИМА талаб намудааст. Ҳангоми гирифтани ин маблағ тавассути корманди филиал ҳамчун миёнарав, аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ба амалҳои ғайриқонунӣ хотима дода шуд.

Ҳоло нисбат ба ин шахсон бо моддаи 168, қисми 4, банди «а» ва моддаи 211, қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи эҳтиётии «ҳабс» татбиқ шудааст.

Ҳамчунин, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, таъмини саривақтии аҳолӣ бо ангишт бо нархҳои имтиёзнок ба роҳ монда шудааст.