Дар ҷараёни таҳқиқот беш аз 20 дорухона фаро гирифта шуд ва тақрибан дар 25 фоизи онҳо ҳангоми дархости спирт ба ҷойи он лосон пешниҳод карда шудааст.
Ба иттилои кумита, дар давраи ҷорӣ гардидани сертификатҳои GDP дар истеҳсоли доруҳо ва тақвияти назорати сифат, баъзе истеҳсолкунандагони спирт бидуни гирифтани иҷозатнома ба истеҳсоли лосон ба ҷойи спирт оғоз кардаанд. Ин ки истеъмолкунандагон дар бораи ин масъала пурра огоҳ карда нашуда буданд, онҳоро ба гумроҳӣ андохт.
Маълум аст, ки спирти тиббии 70-фоиза дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла барои коркарди пӯст пеш аз тазриқ, безараргардонии таҷҳизот, муолиҷаи захмҳо ва амалиётҳои ҷарроҳӣ истифода мешавад. Лосон бошад, маҳсулоти косметикӣ бо миқдори пасти спирт аст, ки асосан барои тоза кардани пӯст, кам кардани равғаннокии зиёдатӣ ва бартараф намудани боқимондаҳои косметика пешбинӣ шудааст.
Ба андешаи мутахассисон, пешниҳод намудани лосон ба ҷойи спирт метавонад самараи тиббии интизоришударо надиҳад ва ба саломатии истеъмолкунандагон зарар расонад.
Кумитаи рақобат ин ҳолатҳоро ҳамчун нишонаҳои вайронкунии қонун арзёбӣ мекунад, ки боиси пешниҳоди маълумоти нодуруст ба истеъмолкунандагон ва расонидани зарар ба онҳо мегардад. Эълон шуд, ки нисбат ба чунин ҳолатҳо дар робита ба дорухонаҳо метавонанд парвандаҳои дахлдор оғоз гарданд, ҳамчунин ба Маркази бехатарии маҳсулоти дорусозӣ номаи расмӣ ирсол шудааст, то аз такрори чунин ҳолатҳо пешгирӣ карда шавад.
Кумита дорухонаҳоро ҳушдор дод, ки пешниҳод накардани маълумоти дурусту фаҳмо ба истеъмолкунандагон ҳамчун вайрон кардани талаботи қонунгузории амалкунанда ҳисобида мешавад.