Дар моҳи октябр байни соҳибкорони Ӯзбекистон ва Эрон форуми соҳибкорӣ баргузор мегардад

    Тиҷорат 6 Avgust 2025 1462

    5 августи соли 2025 вохӯрии намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон бо Палатаи савдо, саноат, маъданкорӣ ва кишоварзии шаҳри Табриз (Эрон) доир гардид.

    Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак, инчунин барқарор намудани робитаҳои устувори тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду кишварро баррасӣ карданд.

    Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Табриз Самад Ҳасанзода иттилоъ дод, ки дар доираи сафари дарпешистода ба Ӯзбекистон, ки аз 2 то 5 октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, баргузории форуми соҳибкорӣ ва мулоқотҳои B2B пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин баргузории ҷаласаи алоҳида бо иштироки занони соҳибкор пешниҳод гардид.

    Дар навбаи худ, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Нодира Шотурсунова аз ин ташаббусҳо пурра пуштибонӣ намуда, омодагии худро барои расонидани кӯмакҳои ҳамаҷониба ҷиҳати ташкили ин чорабиниҳо дар сатҳи баланд изҳор дошт.

    Вохӯрӣ дар фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо барои идомаи муколамаи мунтазам ва ҳамкории амалии муштарак ба хотири ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates