Дар СММ сабаби коҳиши сатҳи таваллуд дар ҷаҳонро номбар карданд

    Тибқи гузориши Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) миллионҳо нафар ба қадри дилхоҳашон наметавонанд соҳиби фарзанд шаванд ва ин ҳолат на ба далели даст кашидан аз падару модарӣ, балки бо монеаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вобаста мебошад.

    Муаллифони ин гузориш бар пояи пажӯҳишҳои академӣ ва назарсанҷии UNFPA дар 14 давлати дунё, ки беш аз сеяки аҳолии ҷаҳон ба сар мебаранд, ба ин натиҷа расидаанд, ки аз ҳар панҷ нафар як нафар дар саросари ҷаҳон бовар надоранд, ки ба қадри дилхоҳашон соҳиби фарзанд шуда тавонанд.

    Нархи гарони тарбияи фарзанд, набудани шуғл, норасоии манзили арзон, нигаронӣ аз ояндаи ҷаҳон ва дарёфт карда натавонистани ҳамсари муносиб аз сабабҳои асосие буданд, ки пурсидашудагон гуфтанд. Тавре дар гузориш қайд шудааст, ба ин омилҳо ноустувории иқтисодӣ ва меъёрҳои гендерӣ низ таъсир мерасонанд.

    "Бисёр одамон наметавонанд таври дилхоҳи худ оила барпо намоянд”, - гуфт директори иҷроияи UNFPA Наталя Канем. Мушкилот на дар набудани хоҳиш, балки дар норасоии интихоб аст ва ин барои ҳар як фард ва тамоми ҷомеа оқибатҳои ҷиддӣ дорад. Ин бӯҳрони воқеии таваллуд аст. Ҷавоб ин ҷавоб ба талаботи одамон аст: рухсатии пулакии оилавӣ, ҳифзи саломатии репродуктивӣ ва дастгирии шарикон.

    Рақамҳое, ки дар ҳисобот баён гардидаанд, манзараи ташвишоварро тасвир мекунанд. Бештар аз нисфи пурсидашудагон сабабҳои иқтисодиро ҳамчун монеа барои соҳиби шумораи дилхоҳи кӯдакон унвон кардаанд. Ҳар як зани сеюм ҳомиладории ба нақша гирифтанашударо аз сар мегузаронад. 40 фоизи пурсидашудагон, ки синнашон аз 50 боло аст, гуфтаанд, ки наметавонанд ба қадри хоҳиши худ фарзанд дошта бошанд. 11 дарсад гуфтаанд, ки тақсими нобаробари ӯҳдадориҳои нигоҳубин дар оила қобилияти волидайни онҳоро коҳиш медиҳад, хабар медиҳад news.un.org.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates