Ин ҳуҷҷат аз ҷониби хидмати матбуоти намояндагии доимии Серра-Леоне дар СММ, ки моҳи ноябр раисии Шӯрои Амниятро дар уҳда дорад, нашр шудааст.
Дар номаи муштарак бо «таассуф» таъкид шудааст, ки дар таърихи созмони ҷаҳонӣ ҳеҷ гоҳ зан ба ин мақом таъин нашудааст, аз ин рӯ аз давлатҳои узв даъват мешавад, ки “пешниҳоди занҳоро ҳамчун номзад ҷиддан баррасӣ кунанд”.
Ҳамчунин дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки «Мо аҳамияти гуногунрангии минтақавиро дар интихоби Дабири кул таъкид мекунем».
Номзадҳоро ба мақоми Дабири кул кишварҳои аъзо пешбарӣ мекунанд ва ҳар як давлат танҳо метавонад як номзад пешниҳод намояд. Мамлакатҳо барои пешниҳоди номзад, бояд ба президентҳои Шӯрои Амният ва Маҷмаи Умумӣ нома ирсол кунанд. Номзадҳо низ дар навбати худ бояд барномаи рушди созмон, инчунин манбаъҳои маблағгузории онро пешниҳод намоянд. Агар номзад дар оҷонсии СММ кор кунад, дар нома зикр мешавад, ки бояд «барои пешгирии ихтилофи манфиатҳо фаъолияти худро дар давраи маъракаи интихоботӣ муваққатан боздорад».
Интихоби Дабири кул дар охири моҳи июли соли оянда пешбинӣ шудааст.
Ҳоло ду нафар хоҳиши номзад шудан ба мансаби роҳбари созмони ҷаҳониро изҳор кардаанд: роҳбари Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ Рафаэл Гросси ва дабири кулли Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд Ребекка Гринспан.
Ваколати Дабири кулли ҳозира Антониу Гутерриш 31 декабри соли 2026 ба поён мерасад, хабар медиҳад report.az.







