Бар зидди "Ҳудудгаз" парвандаи ҷиноӣ боз шуд

    Прокуратура алайҳи кормандони "Ҳудудгаз" парвандаи ҷиноӣ боз кард. Онҳо ба соҳибкорон қариб 903 миллион сӯм қарзи мавҷуднабударо баризофа навиштаанд.

    Гурӯҳи субъектҳои соҳибкорӣ ба бизнес-омбудсман, ки дар вилояти Ҷиззах фаъолият нишон медиҳад, бобати ғайриқонунӣ баризофа навистани қарздорӣ ва беасос қатъ намудан аз шабакаи газ шикоят намудааст, хабар медиҳад хидмати матбуоти Бизнес-омбудсман.

    Ҳамин тариқ, дар рафти омӯзиш муайян карда шуд, ки кормандони "Ҳудудгази Ҷиззах" ба низоми баҳисобгирии истеъмоли гази табиии "Фосса" нисбати соҳибкорони дар боло зикршуда қарзи мавҷуднабударо дар ҳаҷми қариб 903 миллион сӯм ворид кардаанд.

    Дар чунин вазъият, Бизнес-омбудсман ба прокуратураи вилоят пешниҳод фиристод, то ба амали масъулони филиали "Ҳудудгаз"-и Ҷиззах ва дигарон баҳои ҳуқуқӣ дода, инчунин алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ кушояд.

    Тибқи пешниҳоди Бизнес-омбудсман, тафтиши пешакӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он нисбати мансабдорони филиали таъминоти гази "Ҳудудгаз Ҷиззах", шуъбаи филиали ҷиззахии "Ҳудудгаз метрологияи" ва дигарон дар асоси қисми 2 моддаи 205 ва қисми 1 моддаи 209-уми КҶ Ҷумҳурии Ўзбекистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд.

    Ҳоло тафтиши пешакӣ идома дорад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates