Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил шудааст, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, иттиҳодияҳои соҳавӣ ва зиёда аз 500 намояндаи доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар иштирок карданд.
Дар намоишгоҳ тақрибан 100 ширкати бузурги миллии Ӯзбекистон маҳсулоти худро муаррифӣ карданд. Ин ширкатҳо дар соҳаҳои электртехника, масолеҳи сохтмонӣ, нассоҷӣ, чарм ва пойафзолдӯзӣ, мебелсозӣ ва коркарди чӯб, саноати кимиё, фармасевтика, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва сайёҳӣ фаъолият доранд.
Дар доираи ин рӯйдод мулоқотҳои тиҷоратии «B2B» ва «G2B» баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни онҳо соҳибкорон имкони пайдо кардани шарикони нав ва муҳокимаи татбиқи лоиҳаҳои муштаракро доштанд. Ҳамчунин, меҳмонони расмӣ дар бораи ҷанбаҳои техникию ҳуқуқии созишномаҳои нави тиҷоратӣ баҳс карданд, ки ҳадафи он афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар мебошад.
Ба гуфтаи коршиносон, намоишгоҳи «Made in Uzbekistan» як платформаи муҳим барои пешбурди маҳсулоти Ӯзбекистон дар бозори Покистон, таҳкими робитаҳо байни соҳибкорони ду кишвар ва оғози лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ хоҳад шуд.
Тибқи натиҷаҳои чорабинӣ, интизор меравад, ки байни корхонаҳои Ӯзбекистон ва Покистон шартномаҳои тиҷоратӣ ба маблағи умумии 500 миллион доллар имзо карда шаванд.