Дар Покистон бар асари боронҳои муссонӣ 279 нафар ҳалок шуданд

    Дар Покистон бар асари боронҳои муссонӣ, ки аз охири моҳи июн оғоз ёфт ва ба туфайли ҳодисаҳои вобаста ба он, ҳадди ақал 279 нафар ҳалок ва 676 нафар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад Садорати миллии идораи офатҳои табиӣ.

    Беш аз 1500 бино хароб шудааст ва садҳо нафар эвакуатсия гардиданд. Ба соҳаи чорводорӣ ва кишоварзӣ хисороти ҷиддӣ расидааст.

    Тибқи гузориш, шумораи зиёди қурбониён ба вилояти Панҷоби шарқӣ рост меояд — 151 нафар ҳалок ва 536 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар вилояти Хайбар-Пахтунхвои шимолу ғарбӣ 64 нафар ҳалок ва 80 кас захмӣ шудаанд. Ҳамчунин дар вилоятҳои Синд, Белуҷистон ва Гилгит-Балтистон низ ҳалокати шаҳрвандон сабт шудааст.

    Мақомоти мамлакат барои наҷоти ҷони мардум ва коҳиш додани зарари офатҳои табиӣ талош доранд. Ба гуфтаи обуҳавошиносон, рӯзҳои наздик боришоти шадид идома хоҳад ёфт.

    Мавсими муссонӣ дар Покистон одатан аз июн то сентябр идома ёфта, боришоти шадидро, ки барои кишоварзӣ хеле муҳим аст ба миён меорад ва ҳамзамон боиси обхезӣ ва офатҳои табиӣ мегардад, хабар медиҳад tass.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates