Дар Париж намоишгоҳи «Абӯрайҳони Берунӣ» кушода шуд

    Фарҳанг 6 Sentabr 2023 1799

    4 сентябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж намоишгоҳи «Абӯрайҳони Берунӣ. Сафарҳои ҷуғрофӣ ва зеҳнӣ» кушода шуд. Лоиҳа ба 1050-солагии рӯзи таваллуди олим ва мутафаккири бузург бахшида шудааст.

    Дар маросими ифтитоҳ директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле ва ёвари Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева ширкат доштанд.

    Ба туфайли инсталятсияҳои визуалӣ меҳмонони намоишгоҳ метавонанд аз ҳаёт, фаъолият, бозёфтҳо ва пажӯҳишҳои Абӯрайҳони Берунӣ дидан ва маълумот пайдо кунанд. Дар экспозиция дастхатҳои олим, ки дар фонди Китобхонаи миллии Франсия маҳфузанд, ҷои махсусро ишғол мекунад.

    «Фикр мекунам, ки ин лоиҳа дар байни ҷомеаи Аврупо таваҷҷуҳи зиёд ба вуҷуд оварда, дониши онҳоро оиди Ӯзбекистон, ки бо мероси олимони бузурги худ ифтихор доранд, боз ҳам ғанӣ мегардонад. Бо камоли хушнудӣ эълон карданиам, ки Ӯзбекистон омода аст иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО-ро дар Самарқанд дар соли 2025 баргузор намояд. Агар пешниҳоди мо пазируфта шавад, пас ин рӯйдоди таърихӣ метавонад анъанаи беш аз 40-солаи баргузории ҷаласаҳои ЮНЕСКО-ро танҳо дар Париж тағир диҳад», – гуфт ёрдамчии Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates