баннер
18 Mar 2025
17:21

    Дар Пекин дурнамои ҳамкории Ӯзбекистон ва Чин дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ шуд

    Сафири Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев дар Пекин бо муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин — раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Чин Сюй Ганлу мулоқот анҷом дод.

    Тибқи хабари ОИ «Дунё», дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҷониби чинӣ дар бораи муҳтаво ва моҳияти ислоҳоти густарда, ки дар солҳои охир дар соҳаҳои гуногуни кишвари мо татбиқ шудаанд, маълумот дода шуд.

    Таъкид шуд, ки муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Чин дар ҳама самтҳо босуръат рушд намуда, робитаҳои тиҷоратӣ ва сайёҳӣ таҳким ёфта, мубодилаҳои илмӣ ва таълимӣ васеъ мегарданд.

    Дар музокирот ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират диққати махсус дода шуд.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech