Дар доираи лоиҳаи муштарак бо Бонки ҷаҳонӣ ташкил кардан ва муҷаҳҳаз гардондани марказҳои BPO дар минтақаҳо ба нақша гирифта

    Рақамисозӣ 8 Aprel 2022 1680

    7 апрел вазири оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Шерзод Шерматов бо иҷрокунандаи вазифаи директори глобалӣ оид ба рушди рақамӣ ва роҳбари таҷрибаи рушди рақамӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Никол Клинген мулоқот анҷом дод.

    Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаи маҷмӯгии "Рақамигардонии инклюзивӣ дар Ӯзбекистон" баррасӣ гардиданд.

    Инчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи чорабиниҳо оид ба рушди иқтисодиёти рақамӣ, ҳукумати электронӣ, инфрасохтори рақамӣ, таълими IT мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Тавре зикр гардид, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Вазорати ТИК баланд бардоштани шуғли ҷавонон, таъсиси ҷойҳои кории баландмузд тавассути ҷалби васеъ ба ин самт мебошад. Бо дарназардошти ин, бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи "Рақамигардонии инклюзивӣ дар Ӯзбекистон" ташкил ва муҷаҳҳаз гардонидани марказҳои хизматрасониҳои масофавӣ (BPO-марказҳо) пешбинӣ шудааст.

    Ҷонибҳо аҳамияти ин лоиҳаро дар рушди рақамии Ӯзбекистон қайд намуда, омодагии худро барои татбиқи босамари он ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ТИК изҳор доштанд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates